Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моро аз мақоми худ назди Аллоҳ Таъоло хабар додааст, ки ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба баландтарин мақоми муҳаббат назди Худованд расидааст, Чунончи Иброҳим (Алайҳис-салом) ба он расида буд. Бинобар ин ҷуз Аллоҳ халили касе буданро напазируфтанд, зеро қалби ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пур аз муҳаббату азамат ва шинохти Парвардигор буд, ки гунҷоиши муҳаббати касе ҷуз Аллоҳро дар он нест. Агар аз миёни бандагон касеро халили худ қарор медод ӯ Абубакри Сиддиқро (Худованд аз ӯ розӣ бод) буд. Сипас Паёмбари Худо ҳушдор додаанд, ки набояд фаротар аз ҳудуди муҳаббат қадам гузошта шавад, чунончи яҳуд ва насоро дар мавриди қабрҳои паёмбарон ва солеҳони худ муртакиби ин хато шуда ононро дар баробари Ӯ Таъоло маъбуди худ қарор доданд ва бар қабрҳои онҳо масҷид ва маъбад бино карданд. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) умматашро аз ин амалкарди онҳо манъ фармуданд.