Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Зиёдаравон ҳалок шуданд" ва Паёмбари Худо ин суханро се бор такрор намуданд. Sahih/Authentic. - Muslim
explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ноумедӣ ва бохти зиёдаравону ифроткунандагон, ки бе илм ва дарки роҳи дуруст, дар дину дунё ва гуфтору кирдорашон аз ҳудуди шаръӣ ва ончи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) овардааст фаротар қадам мегузоранд, хабар додааст.

explain-icon

fawaed

  • Сахтгирӣ ва такаллуф дар ҳама ҳолот ҳаром ва дар ивази он ташвиқу тарғиб барои иҷтиноб варзидан аз он, аз ҷумла дар ибодот ва бузургдошти солеҳон, кори нек аст.
  • Ба таври комил анҷом додани ибодот ва ҳар амали дигар, бо риояи аҳкоми шаръӣ, кори писандида аст.
  • Таъкид фармудан дар масоили муҳим амали матлуб ва писандида аст, зеро Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) он ҷумларо (аз рӯи таъкид) се бор такрор намуданд.
  • Осонӣ ва тасомуҳ дар Ислом
explain-icon

Дастабандишудаҳо

explain-icon

Бештар