Оиша ва ибни Аббос (разияллоҳу анҳум) моро хабар доданд, ки ҳангоме марг ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) наздик шуд, пораи матоъеро ба рӯйи худ мегузошт ва агар нафаскашӣ ба сабаби сакароти мавт барояш душвор мегашт онро аз чеҳрааш дур мекард ва дар он ҳолати сахт гуфт: Худованд яҳуду насороро лаънат кунад ва аз раҳматаш дур кунад. Зеро онон бар сари қабрҳои паёмбаронашон масҷидҳо сохтанд ва агар хатарнокӣ ва аҳамияти ин масъала намебуд, дар чунин шароите онро зикр намекарданд. Барои ҳамин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) умматашро аз монанд кардан ба онон дар ин кор наҳйи кардаанд. Зеро ин амали яҳудиён ва насрониён аст ва василае аст барои ширк ба Аллоҳи бузург.