explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ифрот ва берун рафтан аз ҳадди шаръӣ дар мадҳ ва ситоиши худ ва васф намудани ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба сифат ва амалҳое, ки хоси Аллоҳ Таъоло аст, ё гуфтани инки ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ғайбро медонад ва ё дар баробари Аллоҳ аз ӯ дуо хостан, чунончи масеҳиён бо Исо ибни Марям карданд, манъ намудааст. Сипас баён намуданд, ки ӯ бандае аз бандагони Аллоҳ аст ва амр фармуданд, ки ӯро банда ва фиристодаи Аллоҳ бигӯем.

explain-icon

fawaed

  • Ҳушдор аз таҷовуз кардани ҳадди шаръӣ дар мадҳу ситоиш ва бузургдошт, зеро он яке аз авомил ба сӯи ширк аст.
  • Ончи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз он ҳушдор дода буд, дар миёни ин уммат иттифоқ афтодааст. Гурӯҳе дар мавриди шахсияти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), гурӯҳи дигаре дар мавриди аҳлу байти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва гурӯҳе дар мавриди авлиё дучори зиёдаравӣ гардида гирифтори ширк шуданд.
  • Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) худро "бандаи Аллоҳ" васф намуда баён доштанд, ки ӯ касе аст, ки бандагӣ ба Парвардигорро дорад. Бинобар ин нисбат додани ҳеҷ яке аз хусусиятҳои Худованд ба ӯ ҷоиз нест.
  • Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) худро "фиристодаи Аллоҳ" васф намуда баён намуданд, ки ӯ фиристодаи Худо ба сӯи башарият аст, бинобар ин тасдиқ ва пайравӣ аз ӯ воҷиб аст.