Аз Ҷобир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки: марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва пурсид: Эй Паёмбари Худо! Он ду воҷиб кадомҳоянд? Паёмбар фармуданд:" Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик наовардааст, вориди биҳишт мешавад, ва ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик қоил бошад вориди дӯзах хоҳад шуд". Sahih/Authentic. - Muslim
explain-icon

Шарҳ

Марде аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ду хислат, ки яке инсонро ба биҳишт ва дигаре ба дӯзах мебарад чист? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар посух ба ӯ гуфтаанд: Хислате, ки инсонро ба биҳишт мебарад ин аст, ки банда дар ҳоле бимирад, ки танҳо Худовандро ибодат кунад ва касеро бо Ӯ шарик қарор надиҳад. Аммо хислате ки инсонро ба дӯзах мебарад, ин аст, ки ӯ дар ҳоле мемирад, ки ба Худованд чизеро шарик қарор медиҳад, барои Худованд дар улуҳият, рубубият ва номҳо ва сифатҳои Ӯ Таъоло монанд ва шарик қоил шавад.

explain-icon

fawaed

  • Фазилати яктопарастӣ ва инки ҳар касе ба Худованд шарик қоил нашавад ва бар ин эътиқод вафот кунад, аз аҳли биҳишт аст.
  • Хатари ширк ва инки ҳар касе ба Худованд шарик қоил шавад ва бар ин эътиқод вафот кунад аз аҳли дӯзах аст.
  • Гунаҳгорони мӯъмин зери иродат ва машиати Худованд ҳастанд, агар Ӯ Таъоло хоҳад онҳоро азоб медиҳад ва агар хоҳад мебахшад ва дар охир бозгашташон ба биҳишт аст.
explain-icon

Дастабандишудаҳо

explain-icon

Бештар