Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки амалҳо бар шаш навъ ва мардум бар чаҳор даста тақсим мешаванд. Амалҳои шашгона иборатанд аз: Якум: Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик наёварда бошад, вориди биҳишт хоҳад шуд. Дуввум: Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик овардааст, барои абад вориди дӯзах хоҳад шуд. Ин буд ду амри воҷиб, ки дар ҳадиси мазкур зикр шудааст. Сеюм: Амали нек, ки дар он ният бошад. Ҳар касе нияти анҷоми амали нек дар дил дорад ва содиқ дар тасмими худ бошад ва Худованд ҳам аз нияти содиқонаи ӯ огоҳ бошад, аммо ба сабабе аз анҷоми он оҷиз ояд, як ҳасана дар аъмоли ӯ навишта мешавад. Чаҳорум: Амали бад, ки анҷом дода шудааст. Амали бад агар анҷом дода шавад, пас барояш як бадӣ навишта мешавад. Ин ду "мисл ба мисл" буд, ки як дар муқобили як аст ва дучанд ё зиёд намешавад. Панҷум: Даҳ ҳасана (подош) дар баробари як ҳасана. Ҳар касе дар дил анҷоми нияти кори нек кунад ва онро анҷом диҳад, барояш даҳ баробар подош навишта мешавад. Шашум: Як ҳасана, ки ҳафтсад баробар (подош) дар баробари он навишта мешавад. Касе дар роҳи Худо чизе нафақа кунад, барояш ҳафтсад ҳасана (подош) навишта мешавад, ки ин аз фазл ва карами Худованди бузург бар бандагонаш аст. Аммо инки мардум ба чор даста тақсим мешаванд ба шакли зер аст: Якум: Кофири сарватманд. Касе, ки дар дунё ризқ ва рӯзияш фаровон ва дар нозу неъмат зиндагӣ мекунад, аммо дар охират дучори сахтӣ ва тангдастӣ аст ва сарнавишти ӯ дӯзах хоҳад буд. Дуввум: Мӯъмини фақир. Касе ки дар ин дунё ризқ ва рӯзияш кам, аммо дар охират барояш фаровонӣ ва сарнавишташ ба биҳишт аст. Сеюм: Кофири фақир. Касе аст, ки дар дунё ва охират дучори сахтӣ ва тангдастӣ аст. Чаҳорум: Мӯъмини сарватманд. Касе аст, ки дар дунё ва охират аз фаровонӣ бархурдор аст.