Аз Анас ибни Молик, (Худованд аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Мо бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар масҷид нишаста будем ва марде савори шутур ба масҷид даромада шутури худро дар ҷое баст ва рӯй ба мардум овард ва гуфт: кадоме аз шумо Муҳаммад аст? Паёмбар, ки онҷо такя зада нишаста буд, гуфтем: ин марди сафедпуст, ки инҷо такя задааст Муҳаммад аст. Мард гуфт: Эй писари Абдулмутталиб! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Шуморо мешунавам". Мард ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: ман аз ту мепурсам ва дар пурсишҳоям сахтгир ҳастам ва аз ман малол набошед. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Дар ҳар маврид, ки мехоҳӣ бипурс". Гуфт: аз барои Худо ва Худои гузаштагони худ бигӯ, ки оё ту фиристодаи Худованд ба тамоми мардумон ҳастӣ? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки дар як шабонарӯз панҷ вақт намоз бихонем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр намудааст, ки ин моҳ (моҳи рамазонро)-ро рӯза бигирем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки ин садақаро аз сарватмандони худ гирифта ба фақиронамон тақсим кунем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба ончи ту овардаи имон овардам ва ман намояндаи қавми худ ҳастам, ман Зимом ибни Саълаба, бародари банӣ Саъд ибни Бакр ҳастам. Sahih/Authentic. - Al-Bukhari
explain-icon

Шарҳ

Анас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) хабар медиҳад, ки саҳобагон бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар масҷид нишаста буданд, марде савор бар шутур даромада шутури худро шинонд ва дар ҷое баст, ва аз онҳо пурсид: кадоме аз шумо Муҳаммад аст? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), миёни қавм такя зада нишаста буд, гуфтем: ин марди сафедпӯст, ки такя задааст Муҳаммад аст. Он мард ба Паёмбари Худо гуфт: эй фарзанди Абдулмутталиб! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Туро мешунавам, бипурс ва ман посухат мегӯям". Мард ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: ман аз ту мепурсам ва ман дар тарзи пурсишҳои худ сахтгир ҳастам, бинобар ин аз ман малол набошед. Яъне: аз ман дилтанг нашавед ва ғазаб накунед. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ҳар чизе мехоҳӣ бипурс. Гуфт: туро ба хотири Парвардигорат ва Парвардигори пешиниёнат мепурсам, ки оё ту фиристодаи Худо ба сӯи тамоми мардумон ҳастӣ? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бинобар тасдиқ бар гуфтори худ фармуд: "Бор Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки дар як шабонарӯз панҷ вақт намоз хонем? Яъне ҳамон намозҳои панҷгона. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки ин моҳро рӯза бидорем? Яъне моҳи рамазонро. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: Ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр фармудааст, ки садақаро аз сарватмандони худ гирифта ба фақирон тақсим кунем? Яъне закотро. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Сипас Зимом ислом пазируфта ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт, ки қавми худро ба ин дин даъват мекунад. Сипас худро муаррифӣ намуд, ки ӯ Зимом ибни Саълаба аз бани Саъд ибни Бакр аст.

explain-icon

fawaed

  • Дар инҷо тавозуъ ва хоксории Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ошкор мешавад, ки он мард натавонист Паёмбари Худоро дар миёни асҳобаш бишносад.
  • Ҳамин гуна аз ин моҷаро рафтори нек ва нармрафтории Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар баробари саволдиҳанда ошкор мешавад, ва аз инҷо бармеояд, ки посухи нек аз сабабҳои пазируфтани даъват аст.
  • Муаррифӣ кардани шахс бо сифатҳое ҳамчун: сафедпӯст, гармрӯй, баланд, паст ва ғайра, ки ҳадаф аз он айбгирӣ набошад ва барои худи он шахс нописанд наояд, ҷоиз аст.
  • Дохил шудани кофир аз руи зарурат ба масҷид ҷоиз аст.
  • Дар ин ҳадиси мазкур ҳаҷ зикр нашудааст, чун эҳтимол дорад ҳануз он вақт ҳаҷ фарз нашуда буд.
  • Аз ривоят мазкур бармеояд, ки саҳобагони муштоқи даъвати мардум ба ин дин буданд, зеро ӯ чун ислом пазируфт ҳамзамон ба фикри даъвати қавми худ ба ин дин шуд.
explain-icon

Дастабандишудаҳо

explain-icon

Бештар