Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён медоранд, ки рӯзи қиёмат Худованд мардеро аз миёни умматаш барои ҳисоб ва бозхост дар ҳузури мардум интихоб мекунад. Назди ӯ 99 саҳифа гузошта мешавад, ки иборат аз амалҳои бади ӯ дар дунё ҳастанд ва дарозии ҳар як саҳифа ба андозаи масофаи дидани чашм аст. Худованд ба он мард хитоб фармуда мегӯяд: оё чизе аз навиштаҳои ин китобҳоро инкор мекунӣ? Оё фариштаҳои нависанда зулме барои ту раво дидаанд? Он мард мегӯяд: не эй Парвардигори ман. Худованд мегӯяд: оё барои амалҳое, ки дар дунё анҷом додаи узр ва баҳонае дорӣ? Хоҳ аз сабаби фаромӯшӣ, иштибоҳ ё нодонӣ? Он мард мегӯяд: не эй Парвардигори ман, ҳеҷ узр ва баҳонае надоштам. Аммо Худованд мегӯяд: балки назди мо ҳасана (некӣ)-е аз шумо вуҷӯд дорад, ки имрӯз ба сабаби он ба шумо ситам нахоҳад шуд. Сипас баргае ба ӯ нишон дода мешавад, ки дар он навишта шудааст: Гувоҳӣ медиҳам нест худое барҳақ магар Аллоҳ, ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Худост. Сипас Худованд ба он мард мегӯяд: тарозуи худро биёр. Он мард бо таъаҷҷуб мегӯяд: Парвардигорам! Ин барга дар баробари ин ҳама саҳифаҳо чи вазне дорад? Худованд мегӯяд: Имрӯз бар ту зулм нахоҳад шуд. Гуфт: саҳифаҳо (амалҳои бади ӯ) дар як паллаи тарозу ва он барга (амали нек, калимаи шаҳодат) дар паллаи дигари тарозу гузошта мешавад, ки он сангинтар аз тамоми саҳифаҳо бармеояд ва мавриди мағфирати Парвардигор қарор мегирад.