Аз Зайд ибни Холиди Ҷуҳанӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намози бомдодро зери осмони абрӣ бароямон гузошт ва пас аз поёни намоз рӯй ба мо овард ва гуфт: "Оё медонед Парвардигоратон чи мегӯяд?" Гуфтанд: Худованд ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Парвардигоратон мегӯяд: баъзе аз бандагонам ба Ман имон оварданд ва баъзеи дигар кофир шуданд, Аммо ҳар касе гуфт: ба фазлу раҳмати Худованд бароямон борон борид, ӯ бар Ман имон овардааст ва бар ситора кофир шудааст. Аммо касе бигӯяд ба сабаби ин ва ё он ситора бароямон борон борид, пас ӯ бар Ман кофир ва бар ситорагон имон овардааст". Sahih/Authentic. - Al-Bukhari and Muslim
explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намози бомдодро дар Ҳудайбия - қаряе наздик ба Макка - пас аз шаби боронӣ, гузошт ва пас аз адои намоз рӯй ба мардум овард ва гуфт: оё медонед Парвардигори бузурги шумо чи мегӯяд? Гуфтанд: Худованд ва расулаш беҳтар медонанд. Паёмбар фармудаанд: Худованд баён медорад, ки мардум ҳангоми боридани борон бар ду даста тақсим мешаванд: дастаи аввал касоне ки ба Худованд имон доранд, ва дастаи дуввум касоне ки ба Худованд кофир шудаанд. Ҳар касе бигӯяд: ба фазлу раҳмати Худованд бароямон борон борид, ва боридани боронро ба Худованд нисбат диҳад ӯ ба Худованди Офаридагори ҳастӣ имон овардааст ва сабабро дар ситорагон надидааст. Аммо касе бигӯяд: ба сабаби ин ё он ситора борон боридааст, пас ӯ ба Аллоҳ кофир ва бар ситорагон имон овардааст, ва ҳадаф аз куфр инҷо куфри асғар аст, зеро боридани боронро ба ситорагон нисбат додааст, дар ҳоле, ки Худованд онро сабаби шаръӣ ва ё қадарӣ қарор надодааст. Аммо касе бар ин бовар бошад, ки боридани борон ва дигар ҳаводиси табиъӣ марбут ба ҳаракати сайёраҳост ва ҳаракати онҳоро дар ин ҳаводис омили асосӣ бидонад пас ӯ куфр (куфри акбар) варзидааст.

explain-icon

fawaed

  • Пас аз боридани борон гуфтани "Ба фазл ва раҳмати Худованд барои мо борон борид" мустаҳаб аст.
  • Ҳар касе неъмати боридани боронро ба ситораҳо, аз рӯи офариниш ва эҷод, нисбат диҳад, пас ӯ куфри акбар варзидааст (куфри акбар инсонро аз дин хориҷ мекунад). Аммо агар касе сабаби боридани боронро дар ситораҳо бинад, пас ӯ куфри асғар варзидааст (Куфри асғар инсонро аз дин хориҷ намекунад), зеро инҷо на сабаби шаръӣ вуҷӯд дорад ва на сабаби ҳиссӣ.
  • Неъмат дар ҳоли куфрони он сабаби куфр ва дар ҳоли шукр бар он сабаби имондорӣ мегардад.
  • Гуфтани: "Ба сабаби ин ё он ситора борон борид" наҳй шудааст, агарчи мақсад аз он вақт ва замон дар назар бошад, чун ин худ як василаи дур шудан аз ширк аст.
  • Дили инсон барои ба даст овардани неъматҳо ва дур кардани балоҳо бояд ба Худованд вобаста бошад. (На бар чизи дигаре аз офариниш, монанди ситора, табиат,осмон ва замин)
explain-icon

Дастабандишудаҳо

explain-icon

Бештар