explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе аз илми ситораҳо ва бурҷҳо ба худ касб кунад ва аз ҳаракат, вуруд ва хуруҷи онҳо бар ҳаводиси заминӣ, аз қабили марг ё зиндагӣ ё бемории фалонӣ, ё ончи дар оянда рӯй медиҳад хулоса барорад, шохае аз илми ҷодуро омухтааст. Ба ҳар андоза, ки инсон бештар аз ин илм фаро гирад, илми ҷодуро бештар фаро гирифтааст.

explain-icon

fawaed

  • Ситорашиносӣ, ки хабар додан аз ончи дар оянда рух медиҳад аст ва аз ҳолатҳои ситорагон гирифта мешавад, ҳаром аст, зеро он иддиъои донистани илми ғайб аст.
  • Ситорашиносие, ки қатъиян ҷоиз нест навъе аз сеҳр аст, ки бар тавҳид мунофот дорад, бар хилофи назар кардан бар ситорагон барои шинохти ҷиҳат, қибла ё барои шинохти тағйири моҳҳо ва фаслҳо, ки ин ҷоиз ва мубоҳ аст.
  • Ба ҳар андоза, ки ситорашиносӣ омӯхта шавад ба ҳамон андоза ба омӯхтани сеҳр наздиктар мешавад.
  • Аллоҳ Таъоло се фоидаи ситорагонро дар Қуръони карим зикр фармудааст: барои зиннати осмон, мардум бо онҳо роҳи худро меёбанд ва барои сангсор кардани шайтонҳо.