Муъоз ибни Ҷабал (Худованд аз ӯ розӣ бод) пушти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савор буд ва Паёмбари Худо ба ӯ гуфт: эй Муъоз! Ва инро се бор такрор фармуданд, ки такрори ин қавл инҷо бинобар таъкид ва аҳамияти ончи мегуядро дорад. Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) посухи ҳар се пурсишро ин гуна ҷавоб доданд: "Лаббайка ё Расулаллоҳ ва саъдайка" (Пай дар пай ба ту ҷавоб мегӯям эй Расули Худо ва барои ту хушӣ хоҳонам). Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: Ҳар касе содиқона ва аз қалб гувоҳӣ диҳад, ки ҳеҷ маъбуди бар ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад фиристодаи Ӯ Таъоло аст, ва бар ин бовар бимирад Худованд оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром мегардонад. Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) иҷозат хост, ки оё ин муждаи некро ба мардум бирасонад? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бим аз он дошт, ки мабодо мардум такя бар ин мужда намуда танбалӣ кунанд ва амалашон кам шавад. Муъоз то замони пеш аз марги худ онро ба касе нагуфт, аммо бинобар тарс аз афтодан ба гуноҳи китмони илм онро ошкор кард.