Аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд, ки кофир дар рӯзи қиёмат чигуна бар рӯяш ҳашр карда мешавад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: оё Худованд, ки ӯро дар дунё бо ду пой роҳ рафтан водоштааст, қодир нест ӯро дар рӯзи қиёмат он гуна водорад, ки бар рӯи чеҳраи худ роҳ равад! Худованд бар ҳама чиз қодиру тавоност.