Ибни Масъуд мегӯяд: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки ӯ дар гуфтораш ростгӯ ва тасдиқшуда аз ҷониби Аллоҳ аст ба мо чунин фармуданд: Тарзи офариниши ҳар яке аз шумо ба гунае аст, ки чун мард бо ҳамсараш ҳамхобагӣ мекунад оби мании парокандаи ӯ дар шиками зан муддати чиҳил рӯз ба шакли нутфа мемонад. Сипас чиҳил рӯзи дигар алақа, ба монанди хунпораи ғафс, мемонад. Боз чиҳил рӯзи дигар табдил ба музға, гӯштпорае ба монанди луқмаи ҷавидашуда, боқӣ мемонад. Сипас Худованд пас аз поёни чиҳилрӯзаи сеюм фариштаеро мефиристад то дар он рӯҳро бидамонад. Ба фаришта дастур дода мешавад то чор чизро бинависад, ки иборатанд аз: ризқи ӯ, яъне ҳамон андоза аз неъматҳое, ки дар зиндагӣ ба даст меорад. Аҷали ӯ, яъне ҳамон муддат ва замоне, ки дар дунё боқӣ мемонад. Амали ӯ, яъне чи амалҳоеро анҷом медиҳад? Ӯ як шахси бадбахт хоҳад буд ва ё хушбахт. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савганд ёд мекунад, ки шахсе амалҳои биҳиштиёнро анҷом медиҳад, ба гунае ки ба чашми мардум амали нек вонамуд мегардад, то инки миёни ӯ ва биҳишт ба андозаи як зироъ (як газ) мемонад, (яъне: миёни ӯ ва расидан ба биҳишт фосилае ҷуз як газ намемонад), аммо тақдир ва ончи бар ӯ навишта шудааст ғолиб омада ногоҳ амале аз амалҳои дӯзахиёнро анҷом дода поёни кораш ворид шудан ба ҷаҳаннам аст. Зеро шарти қабули амал устуворӣ дар он аст. Ҳамин гуна шахсе амалҳои аҳли дӯзахро анҷом медиҳад, то инки барои ворид шудан ба дӯзах ҷуз масофаи як зироъ намемонад, ногаҳон тақдир бар ӯ ғолиб омада амале аз амалҳои биҳиштиёнро анҷом медиҳад ва вориди ҷаннат мешавад.