Ибн Аббос (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки вақте хурдсол буд ва ҳамроҳи Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) савор буд, он ҳазрат ба ӯ гуфтанд: "Ман ба ту чанд чизро меомӯзонам, ки Худо туро ба онҳо баҳраманд мекунад": Худовандро бо риояи фармудаҳо ва дурӣ аз манъкардаҳояш бо худ бидон, ба гунае, ки Ӯ Таъоло туро дар тоату ибодат ба Худ бинад, на дар гуноҳон ва нофармонӣ. Агар ин гуна амал кардӣ, Ӯ Таъоло туро аз балоҳои дунё ва охират дар паноҳаш нигоҳ медорад ва ҳарҷо ки бошӣ Худо ба ту нусрат медиҳад. Агар чизе мехоҳӣ фақат аз Худо бихоҳ, зеро танҳо Ӯ Таъолост, ки ба суолкунандагон посух мегӯяд. Агар ёрӣ мехоҳӣ фақат аз Худо бихоҳ. Ба яқин бидон, ки агар аҳли замин ҳама ҷамъ оянд, то барои ту манфиат бахшанд, суде ба ту нахоҳад расид, магар он чи Худованд навишта аст ва агар аҳли замин ҳама ҷамъ оянд, ки то ба ту зиёне расонанд, зиёне ба ту нахоҳад расид, магар он чи Худованд бароят муқаддар сохта аст. Худованд ин корро навиштааст ва бар асоси илм ва ҳикмати Ӯ Таъоло муқаддар сохта шудааст ва он чи Худованд навишта аст, тағйире надорад. Ва ҳар касе Худоро бо итоат аз фармонҳояш ва дурӣ аз манҳиёташ ҳифз мекунад, пас Худованд низ пешорӯйи банда аст, аз ҳоли ӯ огоҳ аст ва ӯро ҳифз мекунад ва ёрӣ медиҳад. Агар банда дар замони осудагӣ ва неъмат итоати Худоро кунад, Худо дар замони сахтӣ ва тангӣ барояш наҷот ва роҳе барои баромадан медиҳад. Бояд ҳар як банда аз тақдири Худо, хоҳ хайр бошад, хоҳ шар, розӣ бошад. Ва дар вақти сахтӣ ва мусибат сабр намояд, зеро сабр калиди наҷот аст. Ҳар гоҳ тангдилӣ ва бенавоӣ зиёд шавад, пас бидонад, ки наҷот ва кушоиш аз ҷониби Худованд наздик аст. Ва ҳар гоҳ душворӣ ва сахтӣ пеш ояд, ҳатман Худованд ба дунболи он осониро хоҳад фиристод.