Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз амакаш Абутолиб, ки дар ҳолати марг буд, хоҳиш кард "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд то ӯро дар рӯзи қиёмат шафоат ва барои ислом пазируфтанаш гувоҳӣ диҳад, аммо ӯ аз тарси инки мабодо Қурайш бигӯяд ӯ аз тарси марг ва нотавонӣ имон овард, худдорӣ кард. Ба Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: агар ончи гуфтам намебуд туро ба орзуят мерасондам ва бо гуфтани калимаи шаҳодат дилатро шод мекардам, то хушнуд шавӣ. Худованд ояти мазкурро бинобар ин нозил фармуд, ки тавфиқи ҳидоят ба дасти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нест, балки танҳо Аллоҳ касеро бихоҳад тавфиқ ва ҳидоят мефармояд ва масъулияти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) роҳнамоӣ ва даъвати мардум ба роҳи рост аст.