Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) бахше аз тарзи намозгузории Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро нақл мекунад ва баён медорад, ки ҳангоме ки барои намоз бармехост, такбири эҳромро мегуфт, сипас ҳангоми интиқол ба рукуъ ва ҳангоми саҷда ва ҳангоми бархостан аз саҷда ва ҳангоми рафтан ба саҷдаи дуввум ва ҳангоми бархостан аз саҷда ва ҳангоми бархостан аз ду ракъати аввал, пас аз нишастан барои ташаҳҳуди аввал дар намозҳои серакъатӣ ва чаҳорракъатӣ такбир мегуфт. Ва инро дар ҳама намозаш то поёни он анҷом медод. Ва ҳангоми бархостан аз рукуъ (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ) мегуфт ва сипас ҳангоме ки (баъд аз рукуъ) меистод (Раббано лакал ҳамд) мегуфт. Сипас Абуҳурайра мегӯяд: Қасам ба он ки ҷонам дар дасти Ӯст, ман дар миёни шумо монандтарин намозро ба намози Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дорам. Ҳамин равиши намози ӯ буд, то аз дунё рафт.