Усмон ибни Абулос (разияллоҳу анҳу) назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Миёни ман ва намозам шайтон даромад ва маро аз хушуъ дар намозам боз дошта аст ва сабаб шудааст, ки дар хонданам иштибоҳ кунам ва дучори шак шавам. Пас Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ фармуд: Он шайтоне аст, ки Хинзаб ном дорад, ҳаргоҳ чунин ёфтӣ ва ӯро эҳсос кардӣ, ба Аллоҳ паноҳ бибар ва се бор ба тарафи чапат бо андаке аз оби даҳон туф кун. Усмон мегӯяд: Ман ин корро кардам ва Аллоҳ онро аз ман бартараф сохт. (Манзур аз туф кардан, пуф кардан бо андаке аз оби даҳон аст).