Мардоне назди яке аз асҳоб омада, дар бораи минбари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), (ки барои хутбаи худ қарор дода буд) пурсиданд, ки аз чӣ сохта шудааст? Онон дар ин бора бо ҳам ҷадал ва ниқош карда буданд. Пас ба онон гуфт, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба назди зане аз ансор, ки хидматгори наҷҷор дошт қосиде фиристод ва фармуд: Хидматгори наҷҷоратро амр кун то барои ман минбаре аз чӯб бисозад, ки ҳангоми сухан гуфтан бо мардум бар он бинишинам. Он зан низ қабул кард ва ғуломашро амр кард, ки барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) минбаре аз чӯби тарфа бисозад ва чун корашро ба охир расонд, он зан минбарро ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фиристод ва эшон амр карданд, то онро дар маконаш дар масҷид қарор диҳанд. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле ки бар болои он буданд, такбир гуфтанд ва сипас бар рӯи он ба рукуъ рафтанд, сипас ақиб омада бидуни он ки рӯяшонро ба қафо бигардонанд ва бар рӯйи замин канори пояҳои минбар саҷда карданд ва сипас ба рӯи минбар бозгаштанд ва чун намозро ба поён расониданд, рӯ ба мардум карданд ва фармуданд: Эй мардум! Ман ин корро кардам, то аз ман улгу бигиред ва намози манро ёд бигиред.