Саҳобии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Абӯмусои Ашъарӣ намозеро барои мардум имоматӣ кард, чун дар нишасте, ки дар он ташаҳҳуд хонда мешавад, нишаста буд, яке аз намозгузорон чунин гуфт: Намоз дар Қуръон ҳамроҳ бо некӯкорӣ ва закот омадааст. Вақте Абӯмусо намозро ба поён расонид рӯ ба намозгузорон кард ва гуфт: Кадоме аз шумо ин суханро гуфт, ки дар Қуръон намоз ҳамроҳ бо некӯкорӣ ва закот омадааст? Мардум сукут карданд ва касе чизе нагуфт. Бинобар ин саволашро дубора такрор кард ва чун касе посухашро надод, гуфт: Эй Ҳиттон шояд ту он суханро гуфтӣ? Зеро Ҳиттон ҷасур буд ва ба ӯ наздик буд ва муттаҳам кардани ӯ ба вай озор намерасонд ва ин кор сабаб мешуд, ки гӯяндаи асосӣ эътироф кунад. Ҳиттон ин иттиҳомро нафйи кард ва гуфт: Тарсидам, ки ба гумони он ки ман онро гуфтаам манро тавбих кунӣ, дар ин ҳолат марде аз миёни мардум гуфт: Ман онро гуфтам ва қасде ҷуз хайр надоштам. Абӯмусо дар мақоми муаллим гуфт: Оё намедонед дар намозатон чӣ бигӯед? Ва ин ба таври истинкор аз ҷониби ӯ буд, сипас Абӯмусо баён намуд, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои онон хутба хонд ва шариаташонро барояшон баён кард ва намозашонро ба онон ёд дод, пас фармуд: Чун хостед намоз гузоред, сафҳои худро рост кунед ва дар он рост ва ба эътидол биистед, сипас яке аз шумо имом шавад ва чун такбир (Аллоҳу акбар) гӯяд, шумо ҳам такбир (Аллоҳу акбар) гӯед. Ва чун Фотиҳаро хонд ва ба инҷо расид: (Ғайрил-мағзуби алайҳим ва лаз-золлин) (Сураи Фотиҳа, ояти 7) омин бигӯед. Агар чунин кунед Аллоҳ дуои шуморо истиҷобат кунад. Ва чун такбир гуфт ва ба рукуъ рафт, такбир бигӯед ва ба рукуъ равед, зеро имом пеш аз шумо ба рукуъ меравад ва пеш аз шумо аз рукуъ бармехезад, аз ӯ пешӣ накунед ва пеш аз имом ба рукуъ наравед ва пеш аз имом аз рукуъ нахезед. Зеро он лаҳзае, ки имом пеш аз шумо ба рукуъ меравад, бо он лаҳзае, ки шумо баъд аз имом аз рукуъ бармехезед ҷуброн мешавад. Ва бо ин миқдори рукуъи шумо бо рукуъи имом баробар мешавад. Ва чун имом (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ) гуфт, бигӯед: (Аллоҳумма рабано лакал-ҳамд). Зеро ҳаргоҳ намозгузорон инро бигӯянд, Аллоҳ Таъоло садо ва дуояшонро мешунавад. Чун Аллоҳ бар забони Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст: (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ - Аллоҳ шунид он ки ҳамдашро гуфт). Ва чун имом такбир гуфта ва ба саҷда рафт, касоне, ки аз пушти имом намоз мегузоранд такбир бигӯянд ва ба саҷда раванд. Зеро имом пеш аз онҳо ба саҷда меравад ва пеш аз онҳо аз саҷда бармехезад. Пас он лаҳза дар баробари ин лаҳза аст, ва саҷдаи намозгузорон ба андозаи саҷдаи имом мешавад. Ва ҳаргоҳ вақти нишастан барои ташаҳҳуд буд, нахустин чизе, ки намозгузор мегӯяд, бояд ин бошад: (Аттаҳиётут-тайиботус-салавоту лиллоҳи), яъне: Мулк, боқӣ мондан ва азамату бузургӣ ҳамааш шоистаи Аллоҳ аст. Ва ҳамин гуна намозҳои панҷгона ҳамаааш шоистаи Аллоҳ аст. (Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳис солиҳин), яъне: Аз Аллоҳ Таъоло саломатӣ аз ҳар айбу офат ва нақсу фасодро хоҳонам ва саломи хосро ба паёмбарамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мекунам ва сипас бар худамон салом мефиристем ва сипас бар бандагони некукори Аллоҳ, ки ҳуқуқи Аллоҳ Таъоло ва ҳуқуқи бандагонашро ба ҷо меоранд. Сипас гувоҳӣ медиҳем, ки нест маъбуди бар ҳақ, ҷуз Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳем, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст.