Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Бадтарин шахсе, ки дуздӣ мекунад, касе аст, ки аз намозаш медуздад". Гуфтанд: Чӣ гуна намозашро медуздад? Гуфт: "Рукуъ ва суҷудашро комил намекунад." Саҳеҳ - رواه ابن حبان
explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тавзеҳ доданд, ки бадтарин дуздӣ, дуздии касе аст, ки аз намозаш медуздад. Зеро агар моли дигареро бидуздад, шояд дар дунё фоидааш кунад ва аз он суд бибарад. Бар хилофи ин дузд, ки ҳаққи худашро аз аҷру савоб медуздад. Гуфтанд: Эй Расули Худо! Чӣ гуна аз намозаш медуздад? Фармуданд: Рукуъ ва суҷудашро комил анҷом намедиҳад, яъне дар рукуъ ва суҷудаш шитоб мекунад ва онро ба шакли комил анҷом намедиҳад.

explain-icon

fawaed

  • Аҳамияти ба хубӣ анҷом додани намоз ва анҷом додани рукнҳои он бо оромӣ ва фурӯтанӣ.
  • Васф кардани касе, ки рукуъ ва саҷдаи дуруст намекунад ба "дузд", огоҳӣ аз эҷоди танаффур аз ин кор ва огоҳӣ аз ҳаром будани он аст.
  • Дар намоз рукуъ ва саҷдаро ба итмом расондан ва дар ҳарду муътадил будан воҷиб аст.
explain-icon

Дастабандишудаҳо

explain-icon

Бештар