explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тавзеҳ додааст, ки ҳар ки намози фарзро фаромӯш кард, то ин ки вақташ гузашт, бояд ба маҳзи ёдоварӣ онро қазоӣ бихонад, зеро гуноҳи тарки он, каффора ва поккунандае надорад, магар ин ки мусалмон ҳарвақт ба ёдаш омад, онро адо кунад. Худованд дар китоби каримаш мефармояд: "Ва барои ёди ман намоз бар по дор." (Сураи Тоҳо, ояти 14). Яъне, намози фаромӯшшударо ҳаргоҳ ба ёд овардӣ бихон.

explain-icon

fawaed

  • Баёни аҳамияти намоз ва саҳлангорӣ накардан дар адо ва қазои он.
  • Қасдан ва бидуни узр ба таъхир андохтани намоз аз вақти муайяншуда ҷоиз нест.
  • Қазои намоз барои касе, ки адо карданашро фаромӯш карда бошад ё касе, ки дар хоб монда бошад, ба маҳзи ба ёд овардан ё бедор шудан, воҷиб аст.
  • Қазои фаврии намозҳо, ҳатто агар дар вақтҳои наҳйи ҳам бошад, воҷиб аст.