Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) миёни ду саҷда мегуфт: "Худоё бар ман мағфират кун ва бар ман раҳм кун ва бар ман офият бибахш ва манро ҳидоят кун ва бар ман ризқу рӯзи ато фармо". Ҳасан ба шоҳидҳояш - رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه وأحمد
explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар миёни ду саҷда ин панҷ дуо, ки мусалмон ба он бисёр ниёз дорад ва хайри дунё ва охиратро фаро мегирад, мегуфтанд, ки иборатанд аз: талаби мағфират, пӯшонидани гуноҳон ва гузашт аз онҳо, талаби раҳмат, офият аз ҳавасу шубҳаҳо ва беморию дардҳо, талаби ҳидоят аз Худованд ва устуворӣ дар он, талаби илму имон ва амали нек ва моли ҳалол ва покиза.

explain-icon

fawaed

  • Машруъияти ин дуо дар байни ду саҷда.
  • Фазилати ин дуоҳо, ки шомили хайр дар дунё ва охират ҳастанд.