Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст, ки ҳар кӣ бигӯяд: "Ло илоҳа иллоллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамд ва ҳува ъало кулли шайъин қадир", (Ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳ нест, Ӯ Таъоло яктост ва шарике надорад, подшоҳӣ аз они Ӯст, ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст, ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност). Яъне маъбуде ба ҳақ нест ҷуз Аллоҳ, ки якто ва бешарик аст ва танҳо Ӯ мулки комилро дорад на дигарон ва Ӯ сазовори мадҳу сано ва ситоиш тавъам бо муҳаббат ва бузургдошт аст, Ӯ тавоно аст ва ҳеҷ чизе қодир ба нотавон ва оҷиз кардани Ӯ нест. Ҳар касе ин зикри бузургро дар як рӯз даҳ маротиба бигӯяд, монанди он аст, ки чаҳор барда аз насли Исмоил ибни Иброҳим озод кардааст. Ба таври махсус зикр шудани зурияи Исмоил, бинобар насаби шарифтар доштани онҳо аз дигарон аст.