Марде назди Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шикоят кард, ки ибодатҳои нафлӣ (яъне суннату мустаҳабҳо) барояш бисёр шудаанд ва ба сабаби заъфаш аз иҷрои онҳо оҷиз мондааст. Сипас аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хоҳиш кард, ки амали осонеро ба ӯ нишон диҳад, ки савоби бисёр дошта бошад ва битавонад ба он амал чанг занад ва пойбанд бошад. Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро роҳнамоӣ кард, ки ҳамеша забонаш ба зикри Худованд, дар ҳар вақт ва ҳар ҳолат тар бошад, ба монанди тасбеҳ (субҳоналлоҳ), таҳмид (алҳамдулиллоҳ), истиғфор (астағфируллоҳ), дуо ва дигар зикрҳои ба ин монанд.