Азон эълони фаро расидани вақти намоз ба мардум аст. Ва калимаҳои азон, мафҳуми ҷомеи ақидаи имонро дар бар мегирад. Дар ин ҳадис Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки ҳангоми шунидани азон чи муқаррар шудааст. Яъне, ин ки шунаванда ҳамон чизеро бигӯяд, ки муаззин мегӯяд. Ҳаргоҳ муаззин "Аллоҳу акбар" гуфт, шунаванда низ "Аллоҳ акбар" бигӯяд ва ғайра, магар дар ҳолати шунидани "Ҳайя алас-салот", "Ҳайя алал-фалоҳ", шунаванда мегӯяд: "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ". Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳар касе инро аз самими дил ва холисона ҳамроҳи муаззин такрор кунад, вориди биҳишт мешавад. Маънои калимаҳои азон: "Аллоҳу акбар": Яъне, Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло азимтар, гиромитар ва бузургтар аз ҳама чиз аст. "Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ": Яъне, гувоҳӣ медиҳам, ки нест маъбуди ба ҳақ, магар Аллоҳ. "Ашҳаду анна Муҳаммадан расулаллоҳ": Яъне, иқрор мекунам ва бо дилу забонам гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, Аллоҳ ӯро фиристодааст ва итоат аз ӯ воҷиб аст. "Ҳайя алас-салот": Яъне, ба сӯи намоз бишитобед. Ва шунаванда дар посухи он мегӯяд: "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ": Яъне, роҳе барои раҳои аз монеаҳои тоат нест ва қудрате барои анҷоми он нест ва тавоне барои анҷоми коре нест, магар ба тавфиқи Аллоҳ Таъоло. "Ҳайя алал-фалоҳ": Яъне, бишитобед ба сӯи растагорӣ, манзур аз растагор шудан, ворид шудан ба биҳишт ва наҷот ёфтан аз оташи дӯзах аст.