Баъзе аз саҳобагони фақир, вазъияти худро ба Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шикоят карданд ва гуфтанд, ки мо наметавонем мисли бародарони сарватмандамон бо мол садақа диҳем, то подоши зиёде ба даст орем ва кори нек анҷом диҳем. Онҳо намоз мехонанд, чунон ки мо мехонем, рӯза медоранд, чунон ки мо рӯза медорем, аммо бо молу амволи зиёдатии худ садақа медиҳанд, аммо мо чунин тавон надорем. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онҳоро ба садақаҳое роҳнамоӣ кард, ки тавон доранд. Паёмбар гуфт: Оё Худо барои шумо он чизеро, ки садақа мекунед, бар зидди нафси худ қарор надодааст?! Пас, “Субҳоналлоҳ” гуфтанатон барои шумо садақа аст, ҳамчунин “Аллоҳу Акбар”, “Алҳамдулиллоҳ” ва “Ло илаҳа иллаллоҳ” гуфтан ҳама садақа ҳастанд. Амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар низ садақа аст, ҳатто дар вақти муошират бо ҳамсаратон ҳам садақа ҳаст. Онҳо таъаҷҷуб карданд ва гуфтанд: "Эй Расули Худо, оё касе метавонад шаҳваташро бароварда созад ва барои он аҷру савоб дошта бошад?!" Фармуданд: "Оё фикр мекунед, агар онро дар ҳаром, мисли зино ё ғайра сарф кунад, оё бар ӯ гуноҳ аст? Ҳамин тавр, агар онро дар ҳалол сарф кунад, барои ӯ подош аст".