Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кас дар як рӯз сад бор "Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи" бигӯяд, гуноҳонаш омӯрзида мешавад, агарчи ба андозаи кафки дарё бошад".
Саҳеҳ - متفق عليه
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки ҳар кас дар як рӯз сад бор "Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи" бигӯяд гуноҳонаш пок ва бахшида мешавад, агарчи ба андозаи кафки сафед, ки ҳангоми мавҷ рӯйи баҳр намоён мешавад, бошад.
fawaed
Касе ин калимаро ба таври пай дар пай ва ё пароканда дар як рӯз сад бор бигӯяд ин савобро дармеёбад.
Тасбиҳ: (Субҳоналлоҳ гуфтан), яъне пок донистани Аллоҳ аз ҳамагуна нуқс ва нотамомӣ. Ҳамд: тавсифи Ӯ Таъоло ба камол бо тамоми муҳаббат ва бузургдоштӣ.
Мурод дар ин ҳадис кафораи гуноҳони сағира аст, аммо барои кафораи гуноҳони кабира бояд тавба кунад.