Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) роҳнамоӣ намуданд, ки ҳар кас садои муаззин барои намозро шунид, гуфтаи муаззинро баъд аз ӯ такрор кунад, ба ҷуз ду ҷумлаи (ҳайя алас-салот, ҳайя алал-фалоҳ), ки баъд аз он (Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ) мегӯяд. Сипас баъд аз поёни азон бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуруд мефиристад, зеро ҳар касе ба Ӯ як дуруд фиристад, Аллоҳ ба сабаби он бар ӯ даҳ дуруд мефиристад. Ва маънои дуруди Аллоҳ бар бандааш, санои Аллоҳ бар бандааш назди малоика аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр намуданд, ки аз Аллоҳ барои ӯ "васила" дархост шавад. Васила як мақому манзилатест дар биҳишт, ки болотарин манзилати он аст ва шоиста ва муяссар нест ҷуз барои як банда аз миёни ҳама бандагони Аллоҳ Таъоло. Ва он ҳазрат умедвор аст, ки он банда эшон бошанд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) инро аз рӯйи тавозуъ баён намуданд, зеро агар он манзилат танҳо шоистаи як нафар бошад, он як нафар касе нест ҷуз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), зеро Ӯ беҳтарини офаридагон аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тавзеҳ доданд, ки ҳар кас барои ӯ "васила"-ро дар дуо бихоҳад, шафоаташ барои ӯ ҳосил мешавад.