Марде аз асҳоб гуфт: Кош намоз мехондам ва истироҳат мекардам, гӯё атрофиёнаш ӯро дар ин кор маломат карданд, пас гуфт: Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ки мефармуд: Эй Билол! Барои намоз азон бигӯ ва намозро қоим бидор, то онро адо кунем ва бо он осуда шавем. Зеро намоз шомили муноҷот бо Аллоҳ ва роҳате барои руҳу дил аст.