Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки рӯзи қиёмат соҳиби ҳавзе ҳастанд, ки паҳноӣ ва дарозии он ба андозаи як моҳа роҳ рафтан аст, обаш сафедтар аз шир, бӯяш хуштар аз бӯйи миск ва шумори кӯзаҳои он ба андозаи ситораҳои осмон аст. Касе аз он ҳавз бо он кӯзаҳо об бинӯшад дигар ҳаргиз ташнагиро нахоҳад дид.