Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки вақте Худованд биҳишт ва дузахро офарид Ҷибраил (Алайҳис-салом)-ро гуфт: бирав ва ба он назар кун, чун Ҷибраил (Алайҳис-салом) биҳиштро дид, баргашт ва гуфт: эй Парвардигори ман! Ҳар касе аз биҳишт ва фаровонии неъмат ва хайроти он бишнавад, ҷуз ин нест, ки дӯст медорад вориди биҳишт шавад ва барои дохил шудан ба он амал мекунад. Сипас Худованд биҳиштро бо мушкилоту машаққатҳо, аз ҷумла бо анҷоми дастурот ва иҷтиноб аз мункарот, иҳота фармудааст. Ҳар касе мехоҳад ба онҷо ворид шавад бояд он машаққат ва сахтиҳоро убур кунад. Пас аз онки биҳишт ба машаққату сахтиҳо иҳота шуд, Худованд ба Ҷибраил (Алайҳис-салом) гуфт: бирав ва ба он як назар кун. Ҷибраил (Алайҳис-салом) ба биҳишт назар афканду баргашт ва гуфт: эй Парвардигори ман! Қасам ба иззати Ту машаққат ва мушкилоте, ки дар роҳи расидан ба он гузошта шудааст, метарсам касе ба онҷо дохил нахоҳад шуд. Чун Худованд дӯзахро офарид, ба Ҷибраил (Алайҳис-салом) гуфт: бирав ва ба он як назар кун. Пас аз онки Ҷибраил аз онҷо баргашт, гуфт: эй Парвардигори ман! Қасам ба иззати Ту, ҳар касе аз азобу шиканҷа ва машаққатҳои он бишнавад, аз амалҳое, ки сабаби ворид шудани банда ба онҷо мешавад, дар гурез хоҳад буд. Баъд аз онки Худованд ҳавас ва шаҳавотро дар роҳи расидан ба дузах қарор дод, ба Ҷибраил гуфт: бирав ва ба он як нигоҳ кун. Ҷибраил (Алайҳис-салом) пас аз онки аз онҷо баргашт, гуфт: Эй Парвардигори ман! Қасам ба иззати Ту, аз он метарсам, ки касе аз он наҷот нахоҳад ёфт, чун роҳи расидан ба он ҳавову ҳавас ва шаҳавот аст.