Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савганд ёд намуданд, ки зарфҳои ҳавзи ӯ (с) дар рӯзи қиёмат бештар аз шумори ситорагони осмон ҳастанд, ки дар шаби торик ва бе моҳтоб дида мешавад, зеро дар шаби равшан ва моҳтобӣ ситорагон ба хубӣ дида намешаванд, ҳамон гуна, ки дар шаби абрӣ низ дидани онҳо душвор аст. Аз вижагиҳои зарфҳои биҳиштӣ ин аст, ки ҳар касе аз оби онҳо бинӯшад, дигар ҳаргиз ташна намешавад ва охирин ташнагии онҳо хоҳад буд. Вижагии дигари ҳавзи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) вуҷӯди ду новадон аст, ки аз биҳишт об сарозер мешавад ва паҳноӣ он ҳавз ба андозаи тӯли он аст. Чаҳор тарафи ҳавз мутасовӣ ва баробар аст, ки андозаи як тарафи он баробар аст ба андозаи масофаи миёни Уммон, шаҳре дар сарзамини Балқои Шом, то Айла, ки шаҳри машҳури дигаре дар дигар гӯшаи Шом аст. Оби ҳавз сафедтар аз шир ва ширинтар аз асал аст.