Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён медоранд, ки ӯ рӯзи қиёмат дар назди ҳавз аст то бубинад, ки чи касе аз умматонаш ба назди ҳавз меояд, баъзе аз мардумон аз назди ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бурда мешаванд ва Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд: Парвардигорам! Онҳо аз ман ва аз уммати ман ҳастанд. Ба Паёмбар гуфта мешавад: Оё медонӣ пас аз шумо чи амалҳое анҷом медоданд? Савганд ба Аллоҳ онҳо дини худро тарк карда ба ҳоли аввалии худ бармегаштанд, онҳо на аз ту ва на аз уммати ту ҳастанд.