Аз Зубайр ибни Аввом ривоят аст, ки гуфт: Вақте ояти "Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд" (Сураи Такосур, ояти 8) нозил шуд, Зубайр гуфт: Эй Расули Худо! Аз кадом неъматҳо пурсида хоҳем шуд? Ҳоло он ки ғайри ду чизи сиёҳ, чизе нест, хурмо ва об? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Балки он (савол) хоҳад буд". Ҳасан - رواه الترمذي وابن ماجه
explain-icon

Шарҳ

Вақте ин оят нозил шуд: "Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд" (Сураи Такосур, ояти 8). Яъне, аз шукри неъматҳое, ки Аллоҳ ба шумо арзонӣ доштааст пурсида хоҳед шуд. Зубайр ибни Аввом (разияллоҳу анҳу) гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Аз кадом неъматҳо пурсида хоҳем шуд? Танҳо ду неъмате аст, ки ҷое барои пурсиш надорад ва онҳо хурмо ва об аст! Паёмбар (‎⁨саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Шумо бо вуҷуди ҳолате, ки бар он ҳастед, дар бораи неъматҳо пурсида хоҳед шуд. Зеро ин ду аз неъматҳои бузурги Аллоҳ Таъоло ҳастанд.

explain-icon

fawaed

  • Таъкид бар шукри Аллоҳ Таъоло барои неъматҳояш.
  • Неъматҳо аз ҷумлаи чизҳое ҳастанд, ки рӯзи қиёмат банда аз онҳо пурсида хоҳад шуд, кам бошанд ё зиёд.