explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки ҳар касе ба шахсе, ки аз ӯ қарздор аст муҳлат диҳад ё аз қарзи ӯ кам кунад, подошаш он аст, ки вақте рӯзи қиёмат хуршед бар сари бандагон наздик мешавад ва гармияш болои онҳо шиддат меёбад, Худованд ӯро зери сояи арши Худ қарор медиҳад, рӯзе, ки дар он касе ҷуз сояи Худованд соя нахоҳад ёфт.

explain-icon

fawaed

  • Фазилати осонгирӣ бар бандагони Аллоҳ Таъоло ва баёни инки он аз сабабҳои наҷот ёфтан аз ваҳшат ва сахтиҳои рӯзи қиёмат аст.
  • Муҷозот ва подош вобаста ба амал аст.