Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) лутфи бузурги Худовандро бар мӯъминон ва адлаш бар кофиронро баён медорад. Аз подоши амалҳои неки мӯъмин кам карда намешавад, балки дар баробари итоат аз авомири Худованд дар дунё некӣ ва барои охират подош хоҳад дошт, ва шояд ҳам тамоми подошҳо барои охирати ӯ сабт ва ҳифз карда шавад. Аммо Худованд подоши некиҳои кофиронро ба некӣ дар дунё мубаддал мегардонад ва барои охират чизе барояшон боқӣ нахоҳад монд, зеро амали нек, ки дар дунё ва охират судманд аст бояд аз ҷониби шахси мӯъмин анҷом шавад.