explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудаанд, ки Худованд ба ҷисм ва чеҳраи бандагон наменигарад, ки зишт аст ва ё зебо? Тани бузург дорад ва ё кӯчак? Солим аст ё носолим? Ба дорои онҳо наменигарад, ки зиёд аст ва ё кам? Худованд бандагонро бар асоси умури мазкур ва тафовуташон дар он бозхост ва муҳосаба намекунад, балки ба қалб ва андозаи сидқу ихлос ва тақво, ё аз рӯи худнамоӣ аст ё риё, менигарад. Ба амалҳои онон назар карда мешавад, ки нек ва дуруст аст ё фосид ва сипас бар асоси он ҷазо ва подош дода мешаванд.

explain-icon

fawaed

  • Эҳтимом додан ба ислоҳи қалб ва пок нигоҳ доштани он аз сифатҳои мазмума.
  • Салоҳи дил аз ихлос ва салоҳи амалҳо аз пайравӣ ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бармеояд, ки ин ду мавриди назар ва эътибор назди Худованд ҳастанд.
  • Инсон набояд ба мол, ҷамол, тан ва ва чизҳои дигаре аз мазоҳири дунё мағрур шавад.
  • Ҳӯшдор аз фиреб хӯрдан ба шакли зоҳирӣ ва адами таваҷҷӯҳ бар ботин.