Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси қудсӣ хабар додааст, ки Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ҳар ки дӯсте аз дӯстони манро озор диҳад ва ӯро хашмгин кунад ё аз ӯ кина ба дил гирад, Ман бо ӯ эълони душманӣ кардаам. Валӣ: Муъмини солеҳ ва парҳезгор аст ва ҳар чи қадар банда аз имон ва тақво бархурдор бошад, ҳамон қадар аз вилояти Аллоҳ баҳраманд хоҳад шуд. Ва мусалмон бо чизе ба Парвардигораш наздик нашудааст, ки назди Парвардигор маҳбубтар аз анҷоми фарзҳояш ва тарки ҳаромҳояш бошад. Ва банда ҳамвора бо анҷом додани нафлҳо бо ҳамроҳии фарзҳояш ба Парвардигораш наздиктар мешавад, то ин ки муҳаббати Аллоҳро ба даст орад. Чун Аллоҳ ӯро дӯст бидорад, ӯро дар ин чаҳор узваш тавфиқи кори дуруст медиҳад: Дар шунавоияш ӯро тавфиқ медиҳад, пас танҳо чизеро мешунавад, ки Аллоҳ аз он розӣ аст. Ва дар биноияш ӯро тавфиқ медиҳад, пас танҳо чизеро мебинад, ки Аллоҳ онро дӯст медорад ва меписандад. Ва дар дасташ тавфиқ медиҳад, пас бо дастонаш танҳо кореро мекунад, ки сабаби розигии Аллоҳ аст. Ва дар пояш тавфиқ медиҳад, бинобар ин танҳо ҷое меравад, ки Аллоҳ розӣ аст, ва қадам намезанад, магар дар корҳои хайр. Ва бо ин ҳама, агар аз Аллоҳ чизе бихоҳад, барояш ато мекунад. Бинобар ин, мустаҷобуддуо мешавад. Ва агар ба Аллоҳ паноҳ бибарад, ӯро паноҳ медиҳад ва аз он чи метарсад дар амон медорад. Сипас Аллоҳ Таъоло фармуд: Дар чизе тараддуд накардам, магар дар гирифтани ҷони муъмин, аз рӯйи раҳмат ба ӯ, зеро муъмин маргро дӯст надорад ва Аллоҳ дарди муъминро намеписандад.