Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки Худованд мегӯяд Ӯ зулмро бар худ ҳаром гардонидааст ва ҳамингуна дар миёни бандагон низ онро ҳаром гардонидааст, то касе бар касе зулм накунад. Ҳама аз роҳи ҳақ гумроҳанд, магар бо ҳидоят ва тавфиқи Худовандӣ, ва ҳар кӣ аз Худованд ҳидоят ва тавфиқ бихоҳад, ӯро тавфиқ ва ҳидоят медиҳад, Ҳама фақир ва дар ниёзҳои худ муҳтоҷи Худованд ҳастанд ва ҳар кӣ барои рафъи онҳо аз Худо бихоҳад, Ӯ Таъоло ҳоҷатҳояшро бароварда ва ӯро басанда хоҳад буд. Онҳо шабу рӯз гуноҳ мекунанд ва чун аз Худованд талаби омӯрзиш ва пӯшиши гуноҳон кунанд, Худованд онҳоро мавриди омӯрзиш қарор дода гуноҳони онҳоро мепӯшонад, ва онон ҳеҷ зарар ва ё нафъе ба Худо расонида наметавонанд, Агар онҳо ҳамагон яксон ба монанди як парҳезгортарин фард бошанд, тақвои онҳо дар мулки Худованд чизеро изофа нахоҳад кард, ва ҳамингуна агар ҳамаи онҳо яксон дар қалби як бадкирдортарин фард бошанд, кирдори онҳо чизе аз мулки Худованд кам намекунад, зеро онҳо ҳама нотавон, фақир ва ниёзманд ба Аллоҳ Таоло, дар ҳар замон ва макон ҳастанд ва Ӯ Таъоло бениёз аст. Агар ҳамаи онҳо - инсу ҷин ва аввалину охиринашон - дар як ҷой ҷамъ оянд ва аз Худованд бихоҳанд ва Ӯ Таъоло талаби тамоми онҳоро бароварда созад, чизе аз мулки Худованд кам намекунад, магар миқдори сӯзан ки дар баҳр андохта ва берун оварда мешавад, ки ин далели камоли бениёзии Ӯ Таъоло аст. Худованд амалҳои бандагонро ҳисоб ва назди Худ нигоҳ медорад ва дар рӯзи қиёмат подоши онҳоро ба пуррагӣ бармегардонад. Пас ҳар кӣ подоши амалашро нек ёфт, Аллоҳро барои тавфиқи тоаташ шукр гӯяд, ва ҳар кӣ подоши амалашро ғайри он ёфт, ҷуз нафси худ, ки ӯро ба сӯи зиёнкорӣ далолат мекард, касеро маломат накунад.