Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси қудсӣ хабар доданд, ки Худованд фармудааст: “Ҳар касе, ки ба яке аз авлиёи Ман озор расонад, ӯро озурда ва бад бинад, пас Ман ба ӯ эълон мекунам, ки бо ӯ душманӣ мекунам.” Валӣ: муъмини парҳезгор аст. Ба қадри имон ва тақвои банда, саҳми ӯ аз вилояти Худованд хоҳад буд. Беҳтарин чизе, ки як мусалмон метавонад тавассути он ба Парвардигораш наздик шавад, анҷом додани амалҳои маҳбуби Худованд, аз фарзҳо ва воҷибҳо ва тарки муҳаррамоти Ӯ аст. Ва мусалмон ҳамеша бо адои навофил дар баробари фарзҳо ба Парвардигори худ наздик мешавад, то ин ки муҳаббати Аллоҳро ба даст меорад. Агар Худованд бандаро дӯст дорад, дар ин чаҳор узв ӯро ёрӣ ва ҳидоят мекунад. Яъне, Худованд ӯро роҳнамоӣ мекунад ва дар ҳар кори хайр мададгораш мешавад: Худованд ӯро дар гӯшаш роҳнамоӣ мекунад, пас ба чизе гӯш намедиҳад, магар он чизе, ки Худовандро хушнуд месозад. Худованд ӯро дар чашмаш раҳнамоӣ мекунад, пас намегузорад, ба ҷуз он чи Худованд дидани онро дӯст дорад ва аз он розист, чизи дигареро нигоҳ кунад. Худованд ӯро дар дасташ роҳнамоӣ мекунад, пас бо дасти худ фақат кореро анҷом медиҳад, ки хушнудӣ ва розигии Худованд дар он аст. Худованд ӯро дар пойҳояш роҳнамоӣ мекунад, танҳо ба тарафе меравад, ки хушнудӣ ва розигии Худованд дар он аст ва ҷуз дар роҳи хайру некӣ ҳаракат намекунад. Ва бо ин ҳама, агар аз Худованд чизе талаб кунад, Худованд ба ӯ он чизро ато мекунад, дуояш мустаҷоб мешавад. Ва агар ба Худо паноҳ барад ва аз Ӯ ҳифозат хоҳад, Худованд ӯро паноҳ медиҳад ва аз он чизе, ки метарсад, муҳофизаташ мекунад.