Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки Худованд некӣ ва бадиҳоро муқаррар намуда сипас бар ду фаришта чигуна навиштани онҳоро баён фармудааст: Ҳар кӣ ирода ва қасди анҷоми амали нек кунад, барои ӯ як ҳасана навишта мешавад, агарчи онро анҷом надиҳад. Аммо агар онро анҷом диҳад аз даҳ то ҳафтсад ҳасана ва ҳатто бештар аз он барои ӯ навишта мешавад, ки он вобаста аст ба ихлос дар қалб ва бештар расонидани нафъ бар дигарон ва амалҳои дигаре ҳаммонанди он. Ҳаркӣ ирода ва қасди анҷоми амали нораво кунад ва онро анҷом надиҳад, барои ӯ як ҳасана навишта мешавад, аммо агар ба сабаби машғул будан ва набуди фурсат барои анҷоми авомили расидан ба он онро тарк намояд чизе барои ӯ навишта намешавад. Агар ба сабаби аҷз ва нотавонӣ онро тарк намояд ончи дар қалб дошт навишта мешавад, аммо дар сурати анҷоми он барояш танҳо як гуноҳ навишта мешавад.