Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён мекунад, ки рӯзи қиёмат марг ба шакли як гӯсфанди нари сиёҳ-сафед оварда мешавад, ва гуфта мешавад, ки: эй аҳли биҳишт! Биҳиштиён сарҳои худро баланд карда нигоҳ мекунанд ва ба онҳо гуфта мешавад: Оё инро мешиносед? Биҳиштиён мегӯянд: оре ин марг аст ва ҳамагон, ки онро дидаанд, мешиносанд. Сипас он садокунанда боз садо мезанад, ки эй дузахиён! Онон низ сарҳои худро боло карда менигаранд, ва ба онҳо гуфта мешавад: оё инро мешиносед? Мегӯянд: оре, ин марг аст ва ҳамагон, ки онро дидаанд мешиносанд. Сипас он кушта мешавад ва нидокунанда мегӯяд: эй аҳли биҳишт! Барои шумо инҷо ҷовидонист ва дигар марг вуҷӯд надорад. Ва эй аҳли дӯзах! Инҷо барои шумо ҷовидонист ва дигар марг вуҷӯд надорад. Ин барои афзунӣ бар неъмат ва саодати биҳиштиён ва азоби бештар барои кофирон аст. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин оятро хонданд: (Битарсон (эй Паёмбар) одамонро аз рӯзи пушаймонӣ, ки чун кор ба поён расад. Ва имрӯз онон дар дунё дар ғафлатанд ва онҳо аз ин сабаб имон намеоранд (Марям: 39)). Рӯзи қиёмат миёни аҳли биҳишт ва дӯзахиён фосила эҷод мешавад ва ҳар кас ба ҷои абадӣ ва ҷовидонии худ меравад. Дар он рӯз гунаҳкор ҳасрат аз он мехурад, ки чаро амали нек анҷом надодааст ва касе, ки амали кам анҷом додааст пушаймон аз он аст, ки чаро дар амалҳои некаш наафзудааст.