Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигор ривоят мекунад, ки агар банда гуноҳ кунад ва сипас бигӯяд: Парвардигоро гуноҳи маро бибахш, Худованд мефармояд: бандаи ман гуноҳ кард ва донист Парвардигоре дорад гуноҳро мебахшад ва онро мепӯшонад, ё барои гуноҳ муҷозот мекунад, пас ӯро мавриди мағфират қарор додам. Банда боз муртакиби гуноҳ шуд ва гуфт: Парвардигоро гуноҳи маро бибахш, Худованд мефармояд: бандаи ман гуноҳ кард ва донист ӯ Парвардигоре дорад, ки гуноҳро мебахшад ва онро мепӯшонад ва аз он дар мегузарад, ё барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, пас Ман бандаамро бахшидам. Банда боз муртакиби гуноҳ шуд ва гуфт: Парвардигоро гуноҳи маро бибахш, Худованд мефармояд: бандаам гуноҳ кард ва донист, ки ӯ Парвардигоре дорад, ки гуноҳро мебахшад ва онро мепӯшонад ва аз он мегузарад, ё инки барои гуноҳ муҷозот мекунад, пас бандаамро бахшидам. То замоне, ки банда пас аз ҳар гуноҳ аз он даст мекашад ва пушаймон мешавад ва тасмим барои барнагаштан ба гуноҳ мекунад, аммо нафсаш бар ӯ ғолиб меояд ва боз дар гуноҳ воқеъ мешавад, ва боз тавба мекунад ӯро мебахшам, зеро тавба ончи пеш аз он будро аз байн мебарад.