Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) мегӯяд: Ҳар он чи аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мешунидам, менавистам, то онро бо навистанам ҳифз кунам. Аммо мардоне аз Қурайш манро аз ин кор манъ намуданд ва гуфтанд, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) инсон аст ва дар ҳолати ғазабу хушнуди сухан мегӯяд ва шояд хато кунад, пас аз навистан даст кашидам. Сипас он чи гуфта буданд ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтам. Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ангушташон ба даҳонашон ишора карда ва фармуданд: Бинавис, савганд ба зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, аз ин ҷуз ҳақиқат чизе берун намеояд, чи дар ҳоли хушнудӣ ва чи дар ҳоли хашму ғазаб. Ва Аллоҳ Таъоло дар бораи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: (Ва аз рӯйи ҳавои нафс сухан намегӯяд * [Ин Қуръон] Ваҳй [-и илоҳӣ] аст, ки [ба ӯ] илқо мешавад. Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест) (Сураи Наҷм, оятҳои 3-4).