Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огаҳ кардаанд, ки замоне наздик шудааст, ки гурӯҳе нишастаанд ва яке аз онҳо бар такягоҳаш такя задааст ва ҳадиси паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ мерасад, ва ӯ мегӯяд: чизе, ки миёни мо ва шумо файсала мекунад Қуръон аст ва барои мо он басанда аст, ҳарчиро Қуръон ҳалол гуфтааст ҳалол медонем ва ҳарчиро ҳаром гуфтааст аз он дурӣ меҷӯем. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки ҳар чизеро ӯ дар суннаташ ҳаром гардонидааст, монанди он аст, ки Худованд дар китобаш онро ҳаром фармудааст, чун ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) паёмрасоне аз ҷониби Парвардигораш аст.