Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дастур медиҳад, ки ҳарчи аз номи ӯ расонида мешавад бояд аз Қуръон ва Суннат бошад, агарчи андаке бошад, ба монанди ояте аз Қуръон ё ҳадисе аз фармудаҳои ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ба ин шарт, ки ҳар касе онро ба мардум мерасонад худ онро фаро гирифта ба дарки маънои он бирасад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки нақли қавл аз Бани Исроил ва воқеаҳое, ки болои онҳо омадааст, ба гунае, ки мухолиф бо шариати мо нест, ишколе надорад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳушдор доданд, ки аз номи ӯ дурӯғ нагӯянд ва ҳар касе дониста бар ӯ дуруғе нисбат диҳад, ҷойгоҳашро дар дӯзах омода сохтааст.