Ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) хабар медиҳад, ки: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар синни чилсолагӣ мабъус ба паёмбарӣ ва барои бори нахуст ба ӯ ваҳй нозил шуд, пас аз нузули ваҳй сездаҳ соли умри мубораки ӯ дар Макка сипарӣ шуд, сипас аз ҷониби Аллоҳ дастур шуд то ба Мадина ҳиҷрат фармояд, ки даҳ соли дигар аз умри муборакашон онҷо гузашт ва дар синни шастусесолагӣ дар Мадина вафот намуданд.