Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Собит ибни Қайсро наёфт ва дар борааш пурсид. Марде гуфт: Ман хабарашро ва сабаби ғоиб буданашро барои шумо меорам. Пас ба хонааш рафт ва дид, ки сарашро поин андохта ва ғамгин нишастааст. Аз ӯ пурсид, ки туро чӣ шудааст? Собит ҳам шарре, ки гирифтораш шуда будро ба ӯ гуфт, зеро ӯ садояшро аз садои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) болотар мебурд ва Аллоҳ Таъоло касеро, ки чунин кунад, таҳдид кардааст, ки амалашро ботил мекунад ва ӯ аз аҳли дӯзах аст. Он мард ба сӯи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баргашт ва инро барояш гуфт. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро амр кард, ки ба назди Собит баргардад ва ӯро башорат диҳад, ки аз аҳли дӯзах нест, балки аз аҳли биҳишт аст. Зеро ӯ чунин офарида шудааст, ки овози баланд дорад ва ӯ хатиби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ансор буд.