Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба асҳоби худ мавъизаи балиғе карданд, ки дилҳоро ба тарсу ҳарос ва ашкро ба чашмонашон овард. Пас чун муболиға ва умқи мавъизаи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро диданд, гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), гӯё ин хутбаи видоъ аст, пас аз ӯ васияте хостанд, ки баъд аз ишон ба он пойбанд бошанд. Фармуданд: Шуморо тавсия медиҳам, ки аз Аллоҳ Таъоло бо анҷом додани фарзҳояш ва тарк кардани муҳаррамоташ битарсед. Шунидан ва итоат кардан, яъне ба ҳокимон, ҳатто агар бардае ба иморати шумо ё ба вилояти шумо расид, яъне, камтарин мардум ҳокими шумо шуд аз ӯ итоат кунед ва аз тарси барангехтани фитна аз итоати ӯ сар натобед, зеро ҳар ки аз шумо зинда бимонад ихтилофи зиёдеро хоҳад дид. Сипас роҳи раҳоӣ аз ин ихтилофро ба онҳо фаҳмонд, ки он ҳам тамассук ба суннати худ ва суннати халифаҳои ҳидоятёфтааш баъд аз ӯ, монанди Абубакри Сиддиқ, Умар ибни Хаттоб, Усмон ибни Аффон ва Алӣ ибни Абўтолиб (Худованд аз онҳо розӣ бод) ва гирифтани он бо дандонҳо аст. Ва мақсад аз ин мисол ҷиддият дар риояи суннат ва пойбандӣ ба он аст. Ононро аз корҳои навпайдо ва тозасохта дар дин ҳушдор дод, зеро ҳар бидъат гумроҳӣ аст.