Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Шайтон назди яке аз шумо меояд ва мегӯяд: инро кӣ офарид? онро кӣ офарид? Ҳатто дар ниҳоят мепурсад: Парвардигори туро кӣ офарид? Чун агар яке аз шуморо чунин пурсише пеш ояд, ба Худо паноҳ бибарад ва аз идома додан ба чунин пурсише даст бикашад". Sahih/Authentic. - Al-Bukhari and Muslim
explain-icon

Шарҳ

Инҷо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди илоҷ ва дармони судманд бар саволҳои васвасаомези шайтон бар муъмин огаҳ сохтааст. Шайтон мегӯяд: кӣ инро офаридааст? Кӣ он чизро офаридааст? Осмонро кӣ офарид? Заминро кӣ офарид? Мӯъмини ростин мегӯяд: Аллоҳ онҳоро офаридааст. Аммо Шайтон бо ин ҳама иктифо накарда бо пурсишҳои васвасаомезаш идома дода мегӯяд: Худои туро кӣ офаридааст? Барои мӯъминон се роҳӣ дурӣ ҷустан аз васвасаҳо вуҷӯд дорад, ки иборатанд аз: - Имон ба Худо. - Паноҳ бурдан ба Худованд аз Шайтон. - Худдорӣ аз андешидан дар мавриди васвасаҳои шайтонӣ.

explain-icon

fawaed

  • Худдорӣ аз васвасаҳои шайтонӣ ва наандешидан дар мавриди онҳо, ва рӯй овардан ба Худованди Мутаъол барои рафъи онҳо.
  • Тамоми васваса ва андешаҳои мухолиф бо шаръ, ки дар дили инсон пайдо мешавад, аз ҷониби Шайтон аст.
  • Худдорӣ аз андешидан дар зоти Худованд ва ташвиқ бар андешидан ва тадаббур дар мавриди офариниш ва нишонаҳои Ӯ Таъоло.
explain-icon

Дастабандишудаҳо

explain-icon

Бештар